Чанд рӯз қабл ширкати Smart-Soft.TJ дар минтақаи домении TJ сомонаи хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои арзон барои истифода аз ҳавопаймоҳоро боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати Smart-Soft.TJ хабар доданд, хизматгузории нав ба сабуку осон кардани ҷустуҷӯ ва харидории билетҳои арзони ҳавопаймоӣ бидуни аз хона берун рафтан равона гардида, бо суроғаи aviakassa.tj дастрас аст.

«Мо бевосита билет намефурӯшем, вале тавассути сомонаи мо аз 728 ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳон метавон пешниҳодоти ҷолибу қобили қабули худро дарёфт намуд. Ҳеҷ боҷу зиёдшавии нарх вуҷуд надошта, танҳо тарофаҳои камтарин аз агентиҳои боэътимод амал мекунанд ва аз куҷо дастрас кардани билетро худи харидорон интихоб мекунанд», - гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои арзон барои истифода аз ҳавопаймо дар aviakassa.tj комилан ройгон пешниҳод мегардад.

«Дигар барои ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо рафтану ба агентиҳои зиёде занг задан ва омӯзиши тарофаҳо дар саҳфаҳои шабакаи интернет вақт масраф кардан шарт нест. Аз хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои ҳавопаймоӣ истифода баред ва шоҳид хоҳед буд, ки то чӣ андоза он қулай ва фоидаовар аст. Ҷустуҷӯ муддати дақиқаҳои башумор сурат гирифта, барои дарёфти билети арзон шумо вақти зиёде сарф намекунед. Шумо ба муқоисаи нархҳо, обуна ба огоҳиномаҳо дар бораи нархи билетҳо ба самтҳои интихобшуда имкон доред. Ҷустуҷӯи мустақили билетҳо нисбат ба харидани он тавассути туроператорон ва дигар агентиҳо бештар ба нафъи шумост», - афзуданд дар ширкати мазкур.