Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор шуд, аз ҷониби кишоварзони шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла 105 тонна харбуза, 45 тонна асал ва 85 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.

Ярмарка-фурӯши асал ва харбуза дар чор бозори пойтахт Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» баргузор гашт.

Сардори сарраёсати кишоварзии Вилояти Суғд Файзулло Косимӣ зимни суханронияш иброз дошт, ки маҳсулоти кишоварзии дар чорабинии идона пешниҳодшуда бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта мешаванд.

«Масалан, як кило асал то 35 сомонӣ ва як дона харбуза аз 8 ва 10  сомонӣ боло арзиш доранд.  Дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои 20-30% поинтар аз нархи бозор пешниҳод мегарданд», - қайд кард Қосимӣ.

Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ кишоварзони  вилоят дар масоҳати  4400 гектар полезӣ кишт карда, аз он 2700 тарбуз ва 1700 харбуза хосил гирифтаанд. То санаи 1-уми август кариб 10 ҳазору  501 тонна махсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳосилнокӣ зиёда аз 150 сентнер аз ҳар як гектар мебошад.