Ба мунсоибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба собиқадорону ҷангу меҳнат ва  кормандони сохторҳои гуногуни пойтахт кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, барои кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ба ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ба ҳар кадоме 750 сомонӣ), муҳосирбудагони шаҳри Ленинград дар ҶБВ, ҳамсарони дар фронт фавтида, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалияти маъюби Афғонистон, иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил ва аъзои оилаи фавтидагон ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ (ба ҳар кадоме аз 500 то 700 сомонӣ) аз буҷети шаҳр 3 млн. 605 ҳазору 950 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Ба иттилои манбаъ, гайр аз ин, ба 1 ҳазору 310 оилаҳои сокинони пойтахт, ки дар онҳо беш аз 2 нафар маъюбон зиндагӣ доранд, дар ҳаҷми 700 сомонӣ ба ҳар кадоме аз оилаҳо кӯмакпулӣ пардохт гардида, 3 ҳазору 726 нафар кӯчарӯбону фаррошони пойтахт ҳар кадоме 500 сомонӣ ва 142 нафар раисони микрорайонҳову 12 нафар раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳар кадоме 700 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина мегиранд.