Ҳудуди 1 ҳазор нафар кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд имрӯз ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ва сардори ситоди «Пахта-2013» Иброҳим Иброҳимов хабар дод, ба ҷамъоварии ҳосили пахта бо будубоши шабонарӯзӣ кормандони бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои гуногун, бахши кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ҳамчунин тоҷирон аз бозорҳои шаҳр фиристода шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори аз ҳама бештари ба ҷамъоварии ҳосили пахта фиристодагон – ҳудуди 400 нафарро намояндагони бахши тандурустӣ ташкил медиҳанд.

Иброҳимов зикр кард, ки ҳамаи онҳо то иҷрои нақшаи давлатии ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Зафаробод ба пахтачинӣ машғул хоҳанд буд. «Мо пешакӣ аз ҷойҳои истиқомату кори онҳо боздид намуда, аз вазъи бошишгоҳҳои саҳроӣ қаноатманд шудем», - афзуд номбурда.