Вазорати маорифи Тоҷикистон як навгонии навбатӣ ҷорӣ намуда, акнун дар макотиби таҳсилоти умумӣ чорякҳои тирамоҳиву баҳорӣ бекор ва ҳамин тариқ, мактабҳо ба низоми нимсолаи таълим гузаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, гузариш ба реҷаи нави соли хониш дар низоми маълумоти миёна дар доираи барномаи ислоҳоти ин бахш то соли 2020 сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, нимсолаи аввали хониш аз 1-уми сентябр то ахири моҳи декабр давом мекунад. Сипас баъди таътили тӯлонии зимистона аз 1-уми феврал нимсолаи дуюми соли хониш оғоз ва то маросими занги камолот, 7-уми июн идома меёбад. Соли хониш дар маҷмӯъ 34 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бидуни таътилҳои фосилавӣ хонандагон аллакай муддати се сол аст, ки таҳсил доранд. Сабаби ин иқдомро Вазорати маориф беҳбуди шароит барои баргузоии чорабиниҳои гуногун, аз қабили курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун унвон мекунад, то ки дар вақтҳои дигар толибилмону омӯзгорон аз ҷараёни таҳсил дар канор намонанд.