Ба ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъвати омӯзгорони забони русии муқими Русия барои кор дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон омӯзгор аз шаҳри Уляновски Русия садо баланд кард.

Дар номаи худ ба президенти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри идораи ОИ «Азия-Плюс» аст, омӯзгор Наталя Дорофеева менависад, ки «ӯ омӯзгори дараҷаи олии забони русӣ буда, таҷрибаи бойи корӣ дорад».

Дар нома зикр мегардад, ки рӯзи 9-уми августи соли равон Н.Дорофеева ба Тоҷикистон баргаштааст. «Ман розиам, ки дар мактаб бо маоши кунунии омӯзгорони тоҷик кор кунам, то ки дар ин ҷо, дар Ватан манзили худро дошта бошам, зеро имкони мустақилона харидани онро надорам», - гуфта мешавад дар нома.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр роҳбари «Россотрудничество» Константин Косачёв ба васоити ахбори умумии Русия изҳор намуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони забони русӣ аз Русия ваъда кардааст , ки дар сурати ба кор омадан ба Тоҷикистон, онҳоро бо манзил ва маоши шоиста таъмин мекунад.