Анонс

- Cафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар маросими пӯшидашавии ҳамоиши байнулмилалии «Нақши забони русӣ дар муколамаи байнифарҳангӣ: Русия ва кишварҳои форсизабон», ки соати 10 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз мегардад, ширкат меварзад;

- Дар киностудияи «Тоҷикфилм» бахшида ба Ҳафтаи филмҳои лаҳистонӣ дар Тоҷикистон конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Бозиҳои давраи 18-уми Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон: «Истаравшан» - «Хуҷанд» (Варзишгоҳи марказии Истаравшан); «Равшан» - КМВА «Помир» (варзишгоҳи Кӯлоб); «Вахш» - «Парвоз» (варзишгоҳи  «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа); «Истиқлол» - «Энергетик» (Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии пойтахт).

- 26-27 октябр дар Кӯлоб миёни варзишгарони соли таваллуди 1994-1996 мусобиқот оид ба дзюдо доир мегардад;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7728 сомонӣ;

1 евро - 6.5999 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

26 Октябр

1945 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

1945 – Мавлуди Корманди шоистаи театри лӯхтаки Тоҷикистон Зафар Ҷаводов.

1950 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов.

1952 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева.

1953 – Зодрӯзи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Мирганд Шаҳбозов.

1953 – Мавлуди оҳангсоз Борис Пиговат.

27 Октябр

1932 – Дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон таъсис дода шуданд.

2004 – Ҳайати мушовараи Суди олӣ роҳбари ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷ.Сиёевро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

1964 – Мавлуди раққоса Хайринисо Файзуллоева.

1965 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Акбар Зарифов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот (дар баландии 2500 метр барф меборад).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.