Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев субҳи имрӯз ба Русия раҳсипор шуд. Рӯзи сешанбе дар Маскав С.Девонаев ва роҳбари ХФМ Русия К.Ромодановский лоиҳаи санад дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расониданианд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ин робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Ёддошт миёни Тоҷикистону Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикисон ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.

Аҳмадов шарҳ дод, ки дар ёддошт аз ҷумла мувофиқи мақсад будани таҳия ва имзои қарордоди байнулмилалӣ, ки дар он ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия ба муҳлати то се сол иҷозат дода мешавад, зикр гардида буд.

«Ҳамин тариқ, дар протокол ба шаҳрванди Тоҷикистон имкони гирифтани иҷозати кор ба муҳлати қарордоди меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ-ҳуқуқии бастааш барои иҷрои кор ба муҳлати на бештар аз се сол дарҷ ёфтааст», - афзуд номбурда.