Имрӯз дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16-уми октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Санади мазкурро сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ва роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, дар протоколи мазкур додани иҷозати кор ба шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлати то се сол дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст, ки он асос барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатии коргар дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати амали иҷозати кор бидуни хориҷ шудан аз ҳудуди  ин кишвар мебошад.

Муқаррароти Протокол нисбати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ин ё он фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия машғуланд, мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Пас аз имзои протокол Сафиалло Девонаев барои дар як муҳлати кӯтоҳ таҳияву омода гардидани ин санади муҳим ба мақомоти раҳбарии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти муҳоҷирати ҳарду кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

Ин аллакай ҳуҷҷати дуюми муҳими баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия аст, ки ба танзими масоили муҳоҷирати корӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия кор мекунанд, нигаронида шудааст.

Ҳарду санад дар чаҳорчӯби Ёддошт «Дар бораи нияти Тоҷикистон ва Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират», ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012  ба имзо расида буданд, таҳия ва тасдиқ шуданд.