Анонс

- Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб боздид мекунад;

- Дар суди ноҳияи Исмомили Сомонии пойтахт мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «Зиёиён алайҳи Олга Тутубалина» идома меёбад. Оғоз соати 14:00;

- Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубора ва мувофиқасозии лоиҳаҳои Коеспесияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати қувваи кории кишварҳои узви ИДМ ва Чорабиниҳои афзалиятнок дар ин самт барои солҳои 2013-2015 доир мегардад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7730 сомонӣ;

1 евро - 6.6101 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1505 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1951 – Таъсиси нашриёти «Дониш»-и Академияи улуми Тоҷикистон.

1929-1993 – Зодрӯи нависанда-фантаст Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

1950 – Мавлуди олим Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.

1958 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Ихтиёр Ашӯров.

1963 – Мавлуди овозхон Раъно Абдуллоева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияи кӯҳӣ борон меборад (дар баландии 2500 метр барф), рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.