Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба муносибати 95-умин солгарди таъсиси Итттифоқи коммунистии комсомолии ленинии ҷавонон як чорабинии тантанавӣ доир карданист. Ин чорабинӣ шоми имрӯз дар қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳам Ҳизби коммунисти ИҶШС ва ҳам Иттифоқи комсомоли ленинӣ ба як навъе ба парокандагӣ дучор шуданд. «Иттифоқи комсомоли ленинӣ ҳамчун ташкилоти мустақили ҷавонон ташкил шуда, захираи боэътимоди ҳизб маҳсуб меёфт ва дар рушди хоҷагии халқи ИҶШС ва ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги бузурги Ватанӣ саҳми босазо гузошт», - иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи Талбаков, имрӯз Иттифоқи комсомоли ленинии Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 13 ҳазор нафар ҷавононро муттаҳид сохта, онро Фаридун Давлатов сарварӣ мекунад.