Дар ҷаласаи васеи кории мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки фаъолияти марказҳои дилхушии шабона таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳолати риояи реҷаи фаъолият дар субъектҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ нигаронида, дар иртибот ба  он зикр сохт, ки бо ҷурми камфаъолиятии сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ, мутаассифона тавре воқеият собит месозад то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти шаҳр ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе  то субҳгоҳон фаъолият намуда, дар косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон таъсиррасонӣ доранд ва набояд бо ин вазъ муросо намуд.

Бо ин мақсад ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур фармуд, ки барои пешгирии фаъолияти ғайриреҷавии марказҳои дилхушӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, нисбати хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро шадидан татбиқ созанд.

Барои роҳандозии назорати ҷамъиятӣ аз сокинони шаҳр ва воситаҳои ахбори омма даъват ба миён овард, ки алайҳи ингуна қонуншиканиҳои ба мушоҳидарасида ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи шаҳрдорӣ ахбор манзур сохта, дар ҳифзи фазои солими ахлоқӣ ва рахнанашавии арзишҳои миллӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар марзи шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Инчунин бо дахли масоили пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва шаффофияти қабулу ҷо ба ҷогузории кормандон дар субъектҳо, роҳ надодан ба таъини хешутаборон дар корхонаҳои зертобеъ, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки тамоми муассисаҳои коммуналии шаҳрро аз рӯи ин талабот мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дарназардошти он, ки феълан баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, тавассути идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсия ва аз байн бурдани ҳайвоноти мутазаккира идома дорад, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки баҳри дастрасии сокинон бо шир барои ҳамарӯза аз соати 6:00 то 9:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Комбинати шири Душанбе” бо нархи 3,5 сомонӣ тавассути нақлиёт ба фурӯш гузоштани шири пастеризатсияшуда иҷозат дода шавад.