Анонс

- Қатораи Маскав – Душанбе, ки рӯзи 26 октябр дар қаламрави Русия мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, соати 19:26-и шомгоҳон ба Душанбе меояд;

- Дар Душанбе ба муносибати 15-умин солгарди оғози фаъолияти Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон як чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 18:00;

- Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7727 сомонӣ;

1 евро - 6.5338 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1505 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

2000 – Дар Тоҷикистон асъори нави миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

1926 – Зодрӯзи олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.

1946 – Мавлуди муовини раиси Иттифоқи байнулмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳуқуқшиносони «Иттифоқи байнулмилалии ҳуқуқшиносон» Файзулло Абдуллоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад (дар баландии 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.