Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо супориши роҳбарият ва ибтикори муҳандисони соҳа гармхонаи муосир сохта шуд, ки масоҳати умумии он 648 метри мурабаъро дар бар мегирад.

Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, тибқи нақшаи корӣ дар гармхона бояд ҳудуди 200 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта, алъон 50 ҳазор дона тубакҳо бо навъҳои ҳархелаи гулҳо пур карда шудаанд.

Муҳандиси растанипарвар Ҳамидулло Файзуллоев дар ин робита изҳор кардааст, ки солҳои пеш барои ороиши майдон ва толорҳои фурудгоҳ аз беруни кишвар тухмӣ ва растаниҳоро ворид мекардем, акнун мо имкон дорем, ки зиёда аз сад намуд гулу гиёҳҳои ороиширо дар ҳамин гармхона правариш намуда мавриди истифода қарор диҳем. «Асосан гулҳои ороишии календула, маргаритка, мехчагули туркӣ, кактус, пеларгония, ғурриши шер, 12 намуди лола, агава, селозия, катарантус, коллегия, портулак, петуния, хризантема ба шароит мутобиқ парварида мешавад», - гуфтааст ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани майдон ва толорҳо, кам кардани хароҷот ва дарёфти маблағҳои иловагӣ яке аз бартариятҳои нақшавии фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб меравад, аз ин хотир мутахассисон бар он назаранд, ки бо ба истифода додани гармхона, фурудгоҳ на танҳо хароҷотро кам мекунад, балки метавонад даромади иловагӣ ба даст орад.