Анонс

- Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд;

- Дар шаҳри Киев (Украина) мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба шотокан каратэ-до баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Муҳаммад Маҳмудов, Бузургмеҳр Мирзозода, Фозил Фозилов, Суннатулло Қодиров, Маҳмадулло Мирзоев ва довар Баҳром Ҳомидов намояндагӣ мекунанд;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7721 сомонӣ;

1 евро - 6.6102 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1505 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1930 – Корхонаи пахтатозакунии Кӯлоб ба истифода дода шуд.

2004 – Бори нахуст дар таҷрибаи судии ҶТ моддаи 130-и КҶ ҶТ – «Хариду фурӯши одамон» истифода шуд. Як зан барои истисмори духтари ӯгаяш ба сифати фоҳиша ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.

1944 – Зодрӯзи олим Аҳадбой Тешаев.

1947 – Мавлуди олими соҳаи тиб Бахшибек Гадоев.

1952 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.

1960 – Мавлуди доктори улуми иқтисод Искандар Самандаров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.