Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якшанбе ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев раҳбарияти корхонаҳои масъули қубурҳои гармидиҳиро муваззаф сохт, ки то 20-уми ноябр камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

«Раиси пойтахт ба муовинони соҳавии худ супориш дод, ки масъалаи харид, расонидан ва дар манзилҳои сокинони пойтахт насб кардани ҳисобкунакҳои гармиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд», - иброз дошт Саидов.

Ба қавли ӯ, ба Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт супориш дода шуд, ки ба корҳои лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишини «Ховарон», ки ба 904 оила аз ин мавзеъ қитъаи замин дода мешавад, суръат бахшанд.