Анонс

- Дар маъракаи интихоботии президенти Тоҷикистон «Рӯзи хомӯшӣ» фаро расида, баргузории чорабиниҳои гуногун ба ҷонибдории номзадҳо ба мақоми президенти мамлакат манъ мешавад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7719 сомонӣ;

1 евро - 6.5558 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.150 4 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1929 – Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб кушода шуд.

1929 – Ифтитоҳи фурудгоҳи Душанбе.

1948 – Анҷумани II-юми меъморони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

1964 – Дар Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ қомат афрохт.

1911-1970 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор Алоуддин Баҳоваддинов.

1917 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Юно Додхоев.

1924 – Зодрӯзи олим-муаррих, академик Аҳрор Мухторов.

1930-1990 – Мавлуди журналист Бузургхон Олимов.

1944 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов.

1952 – Мавлуди нависанда Ҷонибек Акобиров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +11+16;  дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +17+19. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.