Дар Душанбе Мактаби касбии GNU/Linux ва технологияҳои кушодаасос таъсис меёбад

Тавре дар иттилоияи Маркази технологияҳои иттилоотӣ-коммуникастионии шаҳри Душанбе зикр мегардад, дар мактаб маъмурони шабака дар асоси системаи *NIX ва умуман мутахассисони соҳаи технологияҳои кушодаасос омода карда мешавад. Омӯзиш ва сертификаткунонии шунавандагони Мактаб дар асоси талаботҳои умумиҷаҳонии бозори коргузории Технологияҳои иттиллотӣ (ТИ) гузаронида мешавад. Мактаби GNU/Linux ва технологияҳои кушодаасос бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии “Маркази технологияҳои информатсионӣ – коммуникатсионӣ”-и шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Акнун ҷавонони тоҷик метавонанд аз ҳудуди кишвар берун набаромада, маълумот ва малакаи заруриро оид ба Linux ва технологияҳои кушодаасос баҳри дарёфти кор дар ширкатҳои ТИ тамоми ҷаҳон пайдо намоянд.

Технологияҳои кушодаасос – ин алтернативаи хуб барои барномаҳои пулакии компютерӣ мебошад. Айни замон бештари корбарони компютерӣ намедонанд, ки истифодаи барномаҳои пулакӣ аз ҷониби онҳо дуздӣ мебошад. Пас аз ворид шудани Тоҷикистон ба ТУС (ВТО) диққат ба иҷроиши қонуни ҶТ “Оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ҳамҳудуд”тақвият меёбад. Аммо гузариш ба истифодабарии васеъи технологияҳои кушодаасос дар муассисаҳои кишвар хеле суст рафта истодааст. Пеш аз ҳама ин набудани мутахассисони соҳавӣ мебошад, ки гузаришро ба ин технологияҳо метавонанд таъсирнок намоянд.

Қабули хонандагон ба Мактаб аз моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз мегардад.  Беш аз 80 нафар довталаб дорои дониши ибтидоии ТИ ва технологияҳои кушодаасос қабул кард амешаванд. Дар муддати шаш моҳ хонандагони Мактаб кор бо Системаи Оператисионии GNU/Linux, маъмурии системаи *NIX, ҷурсозии хизматрасонии шабакавии GNU/Linux ва ҳамчунин барномасозиро дар асоси технологияҳои кушодаасос меомӯзанд. Омӯзиш зери роҳбарии мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ доир ба барномаи Linux Professional Institute мегузарад. Дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳа ҳамчунин дарсҳои кушод дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Муддати солҳост, ки Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – бунёди мадад дар Тоҷикистон тамоми ташаббусҳои оид ба рушд ва пешбарии технологияҳои кушодаасос дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Мактаби касбии GNU/Linux ва технологияҳои кушодаасос бо дастгирии молиявии ин ташкилот таъсис ёфта истодааст. Ҳамчунин барои иҷроиши лоиҳаи мазкур сектори хусусӣ низ кӯмак расонидааст. ҶДММ «ТАКОМ» ба Маркази ТИК барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ дар Мактаб таҷҳизоти шабакавӣ туҳфа намудааст.