Анонс

- Cоати 10:00 КМИР ҶТ натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон мекунад;

- Дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД Николай Бордюжа бо котиби генералии САҲА Ламберто Занйер баргузор мешавад

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7718 сомонӣ;

1 евро - 6.5556 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1504 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

Рӯзи театри тоҷик

1929 – Ифтитоҳи нахустин театри касбии тоҷик – феълан Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

1929 – Комбинати полиграфии Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

1937 – Ифтитоҳи Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистон.

1959 – Студияи телевизиони Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

2001 – Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Фаронса дар ҶТ баргузор шуд.

1414-1492 – Зодрӯзи шоир ва олим Абдураҳмони Ҷомӣ.

1917-1997 – Мавлуди олими фолклошинос, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.

1917-1995 – Зодрӯзи рӯзноманигор Назаршо Исломов.

1930 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Муслима Боқиева.

1933 – Зодрӯзи ҷуғрофишинос Ҷунайдулло Исматов.

1934 – Мавлуди олими файласуф, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, академик Мӯсо Диноршоев.

1937 – Зодрӯзи актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов.

1940 – Мавлуди шоир ва арбоби давлатӣ Усмон Назир (Оташ).

1950 – Зодрӯзи диктор Абдурашид Хӯҷамқулов.

1951 – Мавлуди нависанда Абдурофеъ Рабиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландиии беш аз 2200 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +8+13;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.