Дар вохӯрии дуюми даври интихобии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 4 бар 5 шикаст хӯрданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, акнун барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқот, ба мунтахаби Тоҷикистон кифоя аст, ки вохӯрии охирин бо дастаи Туркманистонро, ки имрӯз доир мегардад, мусовӣ анҷом бидиҳад, зеро дар бозии аввал футболбозони тоҷик бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 8 бар 4 дастболо шуда буданд.

Рӯзи 5-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин ҷо барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.