Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими расмии мавриди истифодабарии манзилҳои барқароршудаи мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рудакӣ ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, манзилҳое, ки бо маблағи 45 ҳазор доллари ИМА аз нав барқарор карда шуданд, ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори барқароршударо дар бар мегиранд.

Корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби Дафтари Ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба кӯмаки ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиё маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва кумаки башардустонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Ҳолати санитарӣ ва беҳдошт барои талабагон ва кормандоне, ки дар мактаб кор ва зиндагӣ мекунанд, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ беҳтар шудаанд.

Мактаб-интернати беҳдошт соли 1964, ҳамчун иншоот барои кӯдакони дорои сироятҳои мухталиф роҷеъ ба сироятнопазирии заъифӣ аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. Зиёда аз 500 кудакони сину солашон аз 7 то 16 сола дар мактаби мазкур соҳиби маълумоти ибтидоӣ шуда, дастрасӣ ба муолиҷаи тиббӣ доранд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона, барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.