Дар конфронси байнулмилалии дурӯза таҳти унвони «Занон, ҷаҳон ва амният», ки имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад, занони тоҷик оид ба ҳалли низоъҳо табодули таҷриба хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, ин ҳамоиш бори нахуст дар Қазоқистон доир гардида, яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қабули Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои пурсамари қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи «Занон, ҷаҳон ва амният» мебошад.

Конфронс аз ҷониби шуъбаи Сохтори СММ оид ба масоили баробарии гендерӣ ва тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон «СММ – Занон» дар Осиёи Марказӣ, бахши гендерии Котиботи Созмон оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон созмон дода шудааст.

Дар кори ҳамоиш намояндагони ҳукумат, парлумон, созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Афғонистон (кишвари шарик), коршиносони шинохтаи минтақа ва ҳамчунин занони дорои таҷрибаи бевоситаи ҳалли низоъҳо дар Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.