Анонс

- Дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор мешавад, ки ҳафтаи гузашта фармонашро сарвари давлат ба имзо расонида буд;

- Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуда, дар он рӯзномаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ мегардад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7719 сомонӣ;

1 евро - 6.5010 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1501 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1918 – Ҷанги якуми ҷаҳон ба итмом расид.

1956 – Зодрӯзи нависанда Марямбонуи Фарғонӣ.

1960 – Мавлуди собиқ раиси КВД «Сайёҳ» Саламшо Муҳаббатов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+5, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас (дар баландии 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас (дар баландии 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.