Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими ифтитоҳи ҳафта аз ярмаркаи таҳсилӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки созмонҳои байнулмилалии гуногун, аз қабили Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсили байнулмитлалӣ (ACCELS), EducationUSA, Айрекс (IREX), Интсититути «Ҷомеаи кушода» (OSI), Маркази фарҳанги «Бактрия», Барномаи Tempus, Хадамоти табодули академии Олмон (DAD) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) шурӯъ мешавад.

«Ҳар кадоме аз ин созмонҳо ҳозиринро бо барномаҳои таҳсилӣ шинос ва дар бораи имконоти таҳсил маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух мегӯяд», - гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ низ ташкил карда мешаванд.

Дар сафоратти ИМА таъкид сохтанд, ки Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ имкониятест барои зикри афзалияти таҳсил ва табодул дар саросари ҷаҳон. «Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА дар доираи кӯшишҳои мо ҷиҳати омодагии мардуми Амрико ба муҳити глобалӣ ва ҷалби пешвоёни нав аз хориҷ барои таҳсил, омӯзиш ва табодули таҷриба дар ИМА гузаронида мешавад», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Барномаҳои табодул барои рушди ҳусни тафоҳум ва эҳтиром, инкишофи қобилиятҳои роҳбарӣ ва саҳмгирӣ дар густариши муносибатҳои миёни ИМА ва дигар халқҳо хеле муҳим аст.