Бинобар сабаби муроҷиатҳои беҳад зиёд хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар реҷаи пурзӯр фаъолият дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намоляндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мавсими тирамоҳ ба охир расида, аксари ҳамватанони мо ба ватан бармегарданд. «Чанде аз онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд ва барои таҳияи он ба мо муроҷиат мекунанд, ки чунин муроҷиатҳо ҳозир хеле зиёданд», - иброз дошт ӯ.

Эгамзод зикр кард, ки мутобиқи супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, кормандони хадамоти консулгарӣ аз вақти таъиншуда зиёдтар, аз субҳи барвақт ба фаъолият оғоз намуда, ғайр аз ин, барои расидагии саривақт ба муроҷиати ҳамватанон, кормандони дигар сохторҳои сафорат низ ба ин хадамот сафарбар шудаанд.

«Алҳол расидагӣ ба ҳамаи муроҷиатҳо муяссар гардида, кор тибқи реҷа роҳандозӣ шудааст. Қабули шаҳрвандон рӯзҳои истироҳат низ ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯзҳо шаҳрвандони муроҷиаткардаро навбатдорон қабул мекунанд. То ҳанӯз кормандони мо аз уҳдаи иҷрои чунин ҳаҷми кор ба хубӣ баромада истодаанд», - афзуд номбурда.