Анонс

- Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013» бо иштироки ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ мекунад. Оғози маросими ифтитоҳ соати 10:00;

- Дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои ҷумҳуриявӣ (СДЮШОР)-и №35 мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол барои дарёфти ҷоизаи мураббӣ Нур Одинаев баргузор мешавад;

- Рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар Маскав оид ба мавзӯи «Густариш ва тавсеъаи ҳамгироии Авруосиё» конфронси VII-уми байнулмилалии илмӣ-амалии Бонки авруосиёии рушд доир мегардад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7721 сомонӣ;

1 евро - 6.3632 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1501 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии донишҷӯён.

1922-2009 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва сиёсӣ Ибодат Раҳимова.

1938-1986 – Мавлуди шоир ва рӯзноманигор Сарвар Амирҷонов.

1953 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов.

1953-2007 – Мавлуди файласуф Сайфулло Сафаров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +8+13;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.