Барои қатъи қабули мавҷҳои алоқаи мобилӣ дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мавҷнишонак насб шудааст.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо мақсади таъмини амният пеш аз маърака ва дар давоми интихоботи президентӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ то анҷоми пурраи маросими савгандёдкунии президенти тозаинихоб, ки рӯзи 16-уми ноябр доир мегардад, идома хоҳад ёфт.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО), 8 муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи ислоҳии сукунат амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Тоҷикмобайл» дар ин робита иттилоъ доданд, ки воқеъан ҳам дар давраи интихоботи президентӣ барои қатъи қабули алоқаи мобилӣ мавҷнишонак гузошта шуда буд, вале аллакай 8-уми ноябр ин таҷҳизот аз қабули мавҷи ширкати онҳо гирифта шудааст.