Бори нахуст дар таърихи фаъолияти парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи таълим ва тарбияи  томактабӣ», ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия гардида буд, бо дархости ҷониби Тоҷикистон мавриди ташхиси коршиносони Белорус қарор гирифт. Дар ин бора зимни баррасии ин лоиҳа дар парлумон яке аз муаллифони он, вакили МНМО ҶТ Нурулло Оқилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории ташхиси лоиҳаи қонуни мазкур дар Белорус ба он марбут аст, ки дар ин кишвар беш аз 98%-и кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуда, ин нишондиҳанда беҳтарин дар саросари ҷаҳон шуморида мешавад. «Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 10% ва кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳудуди 16% бо таълиму тарбияи томактабӣ фарогир мебошанд», - иброз дошт ӯ.

Яке аз муаллифони қонун мутмаин аст, ки бо қабул ва ҷорисозии он дар ҳаёт сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон бамаротиб афзун хоҳад шуд. «Дар лоиҳаи қонун шаклҳои гуногуни таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, тарзи роҳандозии фаъолияти онҳо ва воситаҳои дастгирии онҳо аз ҷониби давлат пешбинӣ шудааст», - афзуд номбурда.

Пас аз баррасии яксоата вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонуни мазкурро маъқул шумориданд.