Ҳукуматдорони шаҳри Маскав кинотеатри беш аз 30 сол қабл бунёдшудаи «Тоҷикистон»-ро кӯчонида, дар ҷойи он маркази муосири фарҳангиву хизматгузорӣ сохтанианд.

Департаменти сохтмони шаҳри Маскав ҷиҳати интихоби фармоишгари техникӣ барои иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба кӯчонидани кинотеатри «Тоҷикистон» дар ҳавзаи маъмурии Шимолу Ғарби шаҳри Маскав озмун эълон кардааст. Маълумот дар ин бора рӯзи сешанбе дар сомонаи расмии департаменти мазкур интишор шуд.

Зикр мегардад, ки бинои сеошёнаи кинотеатр бо майдони умумии ҳудуди 7 ҳазор метри мураабаъ, воқеъ дар кӯчаи Маршал Катуков 8 кӯчонида хоҳад шуд.

Кинотеатри «Тоҷикистон» соли 1982 дар шаҳри Маскав қомат афрохта, иборат аз ду толор ва то соли 2001 ба сифати толори кинову консертӣ фаъолият мекард.