Дар Академияи улуми Тоҷикистон вохӯрии коршиносони тоҷику амрикоӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ ҷараён дорад.

Нахуст коршиносони амрикоӣ бо президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов дидору гуфтушунид карда, ин дақиқаҳо дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ» семинари илмӣ-амалӣ гузашта истодааст.

Дар доираи семинар атрофи ду гузориши коршиносони амрикоӣ оид ба масоили барномаҳои ҳамкорӣ оид ба зилзилашиносӣ, таҳқиқоти муштарак ва фаъолият оид ба фароҳам овардани имконот, иншооти миллӣ ва глобалӣ барои мушоҳида ва табодули кушоди таҷриба барои дастгирии пажуҳишгоҳҳои зилзилашиносӣ ва як маърӯзаи академик тоҷик Собир Неъматулооев дар мавзӯи «Таҳқиқоти зилзилашиносӣ ва арзёбии оқибатҳои заминларзаҳои имконпазири шадид бо мақсади коҳиши хатари зилзила» табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, рӯзи 14-уми ноябр зилзилашиносон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намуда, боз 6 гузориши навбатиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Сафари зилзилашиносони амрикоӣ ба Тоҷикистон бо боздид аз нерӯгоҳи «Норак» рӯзи 16-уми ноябр ба итмом мерасад.