Низоми электронии пардохти нафақа тариқи кортҳои бонкӣ танҳо соли 2015 комилан дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.

Тавре Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, низоми нав шаффофият ва пардохти бидуни ҳама гуна таъхирро таъмин мекунад, зеро худи низом мустақилона ҳаракати маблағ аз замони интиқол ба суратҳисобҳои инфиродӣ то замони дастрас шудани он аз ҳама гуна банкомат ё POS-терминали «Амонатбонк»-ро пайгирӣ мекунад.

«Арзёбии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки осиёгии рушд нишон дод, ки дар натиҷаи ҷорисозии низоми пардохти нафақаҳо тавассути кортҳои бонкӣ эъттимоди нафақахӯрон ба бонкҳо беҳтар гардида, онҳо имкон пайдо намуданд, ки нафақаро дар вақти барояшон қулай натанҳо дар маҳалли зист, балки дар саросари ҷумҳурӣ дастрас кунанд ва акнун нафақахӯрон оид ба амонатҳои худ иттилооти электронӣ гирифта, малакаҳои анҷоми амалиёти ғайринақдӣ ва дигар амалиёти бонкиро меомӯзанд», - гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон дар 20 шаҳру навоҳии кишвар пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ анҷом пазируфта, то ахири сол ин низом боз дар 7 ноҳияи дигар роҳандозӣ мегардад. «Баъди ин фарогирии нафақахӯрон бо ин низом қариб 50% аз шумори умумии нафақахӯрони кишварро ташкил хоҳад дод», - илова намуданд дар вазорат.

Тибқи иттилои БДА «Амонатбонк», ба ахири нимсолаи аввали соли равон шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 623 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки ба ин шумор ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам дигар нафақахӯрон шомил мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 61 адад банкомат ва 208 адад POS-терминали «Амонатбонк» мавриди истифода қарор дорад. Феълан ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон 200 сомониро ташкил медиҳад.