Анонс

- Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск вазъи муҳоҷират дар паҳнои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад;

- Дар шаҳри Хоруғ барои кормандони мақомоти тафтишотӣ оид ба паҳлӯҳои хоси тафтиши шикоят, парвандахои ҷиноӣ оид ба ҳолатҳои имконпазири истифодаи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона семинари якрӯза баргузор мешавад;

- Дар коллеҷи cарҳадии САҲА дар Душанбе кори тренинг барои ҳайати раҳбарият дар мавзӯи «Ҳамгиройии фаъолияти таҳқиқотӣ ва таҳлили маълумот» идома меёбад, ки дар он кормандони воҳидҳои таҳлилии мақомоти зиддинашъаовар ва хадамоти гумруки кишварҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин Маркази таҳқиқоти стратегии Қирғизистон иштирок доранд.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7720 сомонӣ;

1 евро - 6.3731 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.

1946 – Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.

2002 – Дар Душанбе ба муносибати 10-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум маҷлиси ботантана доир гардид.

1939 – Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.

1943 – Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.

1948 – Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.

1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.

1954 – Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.

1958 – Мавлуди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +20+22. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +11+13.