Шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола, ки аз таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгогради Русия ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд, субҳи имрӯз дар бемористони рақами 25-и шаҳри Волгоград ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсару писари шаҳрванди ҳалокшудаи тоҷик низ дар ҳамин шаҳранд. «Корманди ба шаҳри Волгоград сафарбаршудаи намояндагӣ ҷиҳати дастрас кардани ҷубронпулӣ ба наздикони марҳум ва ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасади ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад», - зикр кард Аҳмадов.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи миёни ҳалокшудагон бар асари ин амали террористӣ ҳузур доштани боз як шаҳрванди дигари Тоҷикистон , сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпӯлод Эргашевичи 53-сола низ маълумот расида буд.

Нимаи рӯзи 29-уми декабри соли равон дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград таркиш ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Субҳи рӯзи дигар бошад, дар ин шаҳр боз як амали террористӣ анҷом дода шуд. Ин дафъа троллейбус мавриди инифиҷор қарор гирифта, 15 нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва тибқи маълумоти ахир, 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки миёни онҳо тифли 1-сола ҳам ҳузур дорад.

Ҳамчунин қаблан аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буданд, ки тоҷикистониёни муқими Русия аз қурбониёни силсилаамалҳои террористӣ дар шаҳри Волгогради ин кишвар сахт андӯҳнин буда, ин амалҳоро маҳкум мекунанд.