Ба сокинони қисмати марказии шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд, интиқоли об ба сокинони манзилҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Хайём, Карамов, Саид Носир ва Лутфулло Бузургзода қатъ шудааст.

«Интиқоли об аз соати 8-и субҳи 4-уми январ то 8-и субҳи 5-уми январ қатъ карда мешавад. Сабабаш иҷрои корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Умари Хайём аст ва масъулияти ин қатъкунии интиқоли обро, ки дар мавсими сармо метавонад ба садама боис гардад, ширкати сохтмонӣ ба дӯш гирифт», - шарҳ доданд дар корхона.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сокинони Душанбе аз тез-тез қатъ шудани интиқоли об шикоят мекунанд. Як сокини пойтахт шикоят кардааст, ки аллакай муддати 4 рӯз аст, ки ба онҳо дар маркази шаҳр мунтазам об интиқол намеёбад.

Корбари дигари шабака телефонограммаи расмии КВД «Обу корези Душанбе бо мазмуни «бинобар сабаби корҳои таъмиру омодагӣ интиқоли об ба шаҳр муддати 2 рӯз қатъ мегардад»-ро оварда, изҳори тааҷҷуб мекунад, ки «магар ин корҳоро дар мавсими тобистон анҷом додан ғайриимкон буд?».