Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия музди меҳнати таъхирафтодаи муҳоҷири меҳнатӣ Сангинмурод Набиеви 31-сола, зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 320 ҳазор рубли русӣ баргардонида шуд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов, бо дархости кӯмак дар ҳалли мушкили напардохтани дастмуздаш муҳочири тоҷик як моҳ қабл муроҷиат карда буд. Дар аризаи С.Набиев гуфта мешуд, ки соли гузашта ӯ дар асоси шартномаи шифоӣ бо сокини ш.Новосибирск Галина Королева хона бунёд мекард. Ҳаҷми корҳои сохтмони бо ризоияти тарафҳо ба 420 ҳазор рубли русӣ муқаррар карда шуд.

Корҳои сохтмон аз 20 майи 2013 шурӯъ шуда, 30 октябр анҷом ёфтанд. Дар ин муддат хонум Г.Королева танҳо 100 ҳазор аз маблағи таъйиншударо пардохт карду халос. Боқимондаро ваъда дод, ки пас аз анҷоми корҳо медиҳад. Аммо ваъдаи пардохт ду моҳ ба таъхир афтод. Корфармо бо ҳар баҳона мӯҳлати додани дастмузди муҳоҷири тоҷикро ба баъд мепартофт.

Аммо танҳо баъд аз дахолати корманди Намояндагӣ ва сӯҳбатҳои чандинкарата боис шуд, ки хонум Королева ба сохтмончии тоҷик музди меҳнаташро баргардонад.

Ба гуфтаи Аҳмадов, тайи ду соли ахир бо мусоидати Намояндагӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷониби корфармоҳои русиягӣ дар маҷмӯъ беш аз 23 млн. рубли русии музди меҳнати таъхирафтодаашон баргардонида шуд.

Котиби матбуотии Намояндагӣ бо таассуф зикр кард, ки муҳоҷирони кории тоҷик бо чунин масъала бисёр ба онҳо муроҷиат мекунанд ва сабаби аслиии ба ин ҳолат дучор омадани онҳо дар он аст, ки қариб дар ҳама ҳолатҳо аз рӯи қонун миёни корфармо ва коргар қарордоди меҳнатӣ ба имзо намерасад.