Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба аввали моҳи ягывари соли равон 1 млн 111 ҳазору 791 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумори тоҷикистониён 926 ҳазору 668 танро мардон ва 185 ҳазору 123 касро занон ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо маълумоти ахири тирамоҳи соли гузашта шумори тоҷикистониён дар қаламрави Русия 34 ҳазор нафар кам шудааст. Сабаби ин фарорасии мавсими сармо унвон мешавад, ки дар ин вақт аксари тоҷикистониён ба ватан баргашта, сипас боз фасли баҳор ба муҳоҷират рӯ меоранд.

Тибқи маълумоти Хадамоти федеарлии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи ноябри соли гузашта ҳудуди 1 млн. 146 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 962,2 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 183,4 ҳазор танро занон ташкил медоданд.