Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба номаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадо ба унвони мақомоти шаҳрдорӣ вокуниш нишон дод.

Ахири моҳи декабр ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо бо ирсоли номаи мазкур ба унвони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш карда буд, ки дар таъмири манзили зист ва низоми гармидиҳии хонааш мусоидат намояд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе Аъзам Табаровро ба таъмири манзил ва низоми гармидиҳии хонаи Ҳунарманди мардумӣ уҳдадор намуда, корҳои таъмир аллакай оғоз ёфтаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар номаи худ ин ҳунарпешаи саршинос зикр карда буд, ки «10-уми майи соли 2014 ман ба синни 77 мерасам, вале манзили зистам дар ин фасли сармо аз одитарин шароити зиндагӣ маҳрум буда, деворҳои хонам обкашидаву намнок ва ман дар ин синнусол тавони таъмири онро надорам».

Дар ин нома изҳор гардида буд, ки пас аз хондани як мақола таҳти унвони «Басилашвилии сармозада барои сармозадагӣ 4 моҳ дар беморхона бистарӣ шуд», маҷбур шудааст, ки ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат намояд.

Қазияи Олег Басилашвилӣ, ҳунарманди петербургӣ ин аст, ки духтараш аз шароити тоқатфарсои зиндагии ӯ дар сафҳаи фейсбукиаш навишт ва ин хабар ба гӯши президенти Русия Владимир Путин расид. Рӯзи дигараш кормандони Хадамоти коммуналӣ ба суроғи Басилашвилӣ омаданд ва ба таъмири манзили ӯ пардохтанд.

«Ман ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (нома аз 30.07.2009с.) муроҷиат карда, дархост кардам, ки чун Басилашвилӣ масъалаи маро ҳам ҳамин тарз ҳал кунанд, вале номаи ман миёни мақомот «футболбозӣ» шуда, дар натиҷа посухи РАД дода шуд. Ва боз ҳам СУКУТ! Ман ҳамаи умедамро аз даст додам», - шикоят карда буд ҳунарманд.