Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сад тасвир, слайд ё видеоролики беҳтарини макони сайёҳии шаҳри Душанбе» миёни аксбардорони ҳаваскору коромӯз ва ҳирфаӣ озмун эъон кард.

Ба гуфтаи дастандаркорони озмун, сарфи назар аз дар номи озмун зикр шудани танҳо макони сайёҳии шаҳри Душанбе, иштирокчиёни озмун метавонанд аксҳои макони зебову дилписанди дигар манотиқи кишварро низ ирсол намоянд.

«Дар озмун моҳиятан аксҳои макони сайёҳии пойтахт баррасӣ мешаванд, вале мутаассифона, чунин ҷойҳо дар Душанбе каманд, ки метавон танҳо меҳмонхонаву театрҳо ва боғҳоро ном бурд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аксҳои тасвири макони зебову дилфиреби дигар шаҳру навоҳии кишварро низ қабул намоем», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни озмун то 15-уми ноябр метавонанд аксҳои худро барои баррасӣ пешниҳод кунанд ва аллакай рӯзи 20-уми ҳамин моҳ натиҷаҳои озмун элон карда мешаванд. Ғолибони се зинаи аввал бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд ва иштирокчиёни боқимонда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Озмун бо дастгирии меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» доир гардида, маросими тақдими ҷоизаҳо низ дар толори ин меҳмонхона баргузор мешавад.

«Ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ҳадафи аслии озмун аст. Айни замон сомонаи раёсат мавриди таҳия қарор дорад, ки баъдтар аксҳои ҳамаи иштирокчиёни озмун дар он гузошта мешавад. Ба ин монанд озмун моҳи апрел низ доир мегардад, ки баҳри иштирок дар он аксбардорони ҳирфаӣ даъват карда мешаванд», - зикр карданд дар раёсат.