Қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон ба 1-уми декабри соли 2013 зиёда аз 9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти як манбаъ дар Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, қарзи музди меҳнати корхонаҳои «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон то 1-уми декабри соли гузашта ба 9 млн. 197 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ин манбаъ гуфт, кормандони зерсохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон тайи 5 моҳ аст музди меҳнаташонро нагирифтаанд. «Мувофиқи маълумотҳои мо, сабаби ба ин миқдор ҷамъ шудани қарзи музди меҳнат саривақт маблағгузорӣ накардани ин зерсохторҳо аз тарафи ширкат гардидааст», - иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, бо дар назардошти моҳи декабр шояд ин рақам хеле боло биравад, зеро ҳисоботҳои солона то 8-уми январи соли равон омода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки қарзи умумии музди меҳнат дар вилояти Хатлон ба 1-уми декабри соли гузашта 12 млн. 116 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.