Душанбе. 9-уми январ. «Азия-Плюс» — Тибқи арзёбии сомонаи маъруфи интернетии сайёҳии «Globe Spots» , Тоҷикистон ба 10-гонаи макони беҳтарини сафар дар соли 2014 шомил гардид.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин Малта, Руминия, Сйерра-Леоне, Шпитсберген, Индонезия, Литва, Гаити, Сан-Томе ва Принсипи ва ҳамчунин Бонайре низ ҳузур доранд.

«Globe Spots» чун ҳамеша кишварҳои беҳтаринро барои дӯстдорони сайру саёҳат ба се дараҷа таксимбандӣ мекунад: барои дӯстдорони саёҳати маъмулӣ (классикӣ), дӯстдорони саргузаштаҳои аҷоибу ғароиб ва афроди хоҳишманди бофароғат гузаронидани сафар дар ҳама макон.

Ин сомонаи сайёҳӣ Тоҷикистонро ба дараҷаи сеюм шомил сохта, зикр кардааст, ки Тоҷикистон як кишвари хурдест, ки афроди ба ин ҷо ташрифовардаро табиати дилфиреб ва мардуми некхоҳу меҳмондӯст (ба ҷуз кормандони милисаи ришвахор) интизор аст. Ҳамчунин «Globe Spots» таъкид месозад, ки боздид аз Помирро аксарият чун як сафари таърихӣ ва пур аз саргузаштҳои аҷоиб унвон мекунанд.