Санаи 13-уми январи соли равон нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, ки то 7-уми феврал идома меёбанд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 гузориш хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ, рӯзи аввали ҳафтаи оянда, 13-уми январ нахуст нишасти хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти роҳбарии директори тозатаъини марказ Худойбердӣ Холиқназаров баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.