Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) натиҷаҳои мониторинги риояи ҳуқуқи озодии суханро дар мамлакат дар соли 2013 ҷамъбаст намуд. Мониторинг дар доираи Лоиҳаи дастгирии ВАО мустақили Тоҷикистон, бо маблағгузории Фонди миллии кӯмаки ба демократия (NED, ИМА) татбиқ мегардад.

Хадамоти мониторинги анҷуман дар соли гузашта 276 ҳодисаеро ба қайд гирифтааст, ки онҳо ба вазъи озодии сухан тааллуқ дошта, инъикосгари фаъолияти ВАО ва журналистони Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла 129 адад аз хабарҳои мазкур дар бораи ҳолати воқеии ВАО дар партави муҳити иҷтимоию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, 82 адад дар бораи нақзи бевоситаи ҳуқуқҳои журналистон ва ВАО, 65 адад дар бораи моҷароҳо ва даъвоҳои зидди ВАО ва журналистон равонагардида нақл мекунанд.

Қабул шудани қонуни нави матбуот дар самти рушди базаи қонунгузории фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон иқдоми асосӣ ба шумор меравад. Рӯзи 19 марти соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро, ба имзо расонд, ки онро Маҷлиси намояндагони мамлакат ҳанӯз рӯзи 12 декабри соли 2012 қабул намуда буд. Тавре дар сомонаи расмии Президенти ҶТ сабт шудааст, Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи замони муосир қабул шуда, он асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, кафолатҳои давлатии озодии матбуотро муайян намуда, муносибатҳо дар ин соҳаро танзим месозад.

Ба вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон дар соли 2013 маъракаҳои омодагӣ ба гузарондани интихоботи президенти мамлакат таъсири бузург гузоштанд. Ин ҳолат дар баста шудани сомонаҳои интернетӣ, маҳдуд шудани дастрасӣ ба ахбори аҳамияти иҷтимоидошта, баҳсҳои сершумори судӣ бо иштироки ВАО ва журналистон, ғайриқонунӣ дастгир шудан ва ва ба мақомоти қудратӣ даъват гаштани журналистон, рад намудани аккредитатсияи журналистон ва ВАО ва ғайра инъикос мегардад.

Яке аз сабабҳои асосии маҳдуд гаштани дастарасӣ ба ахбори аҳамияти иҷтимоидошта дар соли 2013 супоришҳои роҳбари хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров  дар бораи бастани як идда сомонаҳои иттилоотӣ арзёбӣ мегардад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар ҳисоботи ҳарсолаи худ дар бораи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2013 ба табъ расид, баста шудани сомонаҳои интернетиро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон номид. Дар ҳисобот қайд гаштааст, ки баста шудани сомонаҳои Facebook, www.ozodi.org, www.news.tj, www.tojnews.tj ва дигарон намунаи маҳдуд намудани дастарӣ ба иттилоот мебошад. Тавре дар ҳисобот қайд гаштааст, «маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ боиси он гардид, ки истифодабарандагони ватании интернет аз манбаъҳои иттилоотӣ дур мемонанд ва ин ҳалат метавонад ба рушди муҳити иттилоотӣ дар мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад».

Дар давраи ҳисоботӣ бо сабаби аз Кодекси ҷинояти ҶТ лағв гаштани моддаҳои таҳқиру тӯҳмат теъдоди  парвандаҳои ҷиноӣ бо иштирроки ВАО ва журналистон кам гардида бошад ҳам, вале тамоюли афзоиш ёфтани таъқиби ВАО ва журналистон аз тариқи баҳсҳои маданӣ ва маъмурии судӣ зиёд гашт. Тавассути дастгирии фаъолонаи ҳуқуқӣ, инчунин ифода гаштани якдилии касбии ҷомеаи журналистон дар ҷараёни ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар соли 2013 теъдоди парвандаҳои маданӣ ва маъмурӣ бо иштироки ВАО ва журналистон ба 9 адад расида, инчунин 1 ҳолати таъқиботи судии ҷиноятӣ низ ба қайд гирифта шуд.

Рӯзи 25 феврали соли гузашта суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳри раисии судя Шерзод Низомов даъвои Рустам Ҳукумовро қонеъ гардонда, рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро ӯҳдадор сохт, ки барои расондани зарари маънавӣ ба даъвогар дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷуброн намояд.

Рӯзи 19 феврали соли 2013 суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти раисии Рухшона Ҳакимова даъвои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ бар зидди мухбири оҷонсии иттилоотии «Тоjnews» Амруллоҳи Низомро баррасӣ намуда, қарор қабул намуд, ки тибқи он журналист аз рӯи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ «майдаавбошӣ» айбдор дониста шуда, аз ӯ дар ҳаҷми ҳафт ҳадди аққали маош (280 сомонӣ – қариб 57 доллари амрикоӣ) ҷарима ситонида мешавад.

Рӯзи 2 апрели соли сипаригашта суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд журналисти ТВ «Ҷаҳоноро» М. Воҳидоваро барои вайронкунии қонуни маъмурӣ гунаҳкор дониста, ӯро 400 сомонӣ ҷарима баст.

Рӯзи 19 июли соли 2013 Суди иқтисодӣ дар бораи мутобиқан 30 ҳазор ва 1 сомонӣ ба нафъи ширкати «Тоҷирон» ҷарима кардани адвокат Ф. Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрузNews»  ҳукм баровард.

Рӯзи 19 октябр суди ноҳияи Мастчоҳи виояти Суғд таҳти раисии судя Диловар Сафаров журналисти мустақил Маҳмадюсуф Исмоилов, собиқ мухбири рӯзномаи «Нигоҳ»-ро бо моддаҳои 250 (тамаъҷӯӣ, такроран содир кардани он) ва 247 (қаллобӣ бо расондани зарари калон ба шаҳрванд аз тарафи шахс бо сӯистифода аз мансаби хизматӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор донист. Тибқи ҳукми суд, Исмоилов дар колоннаи режими пурзӯр 11 соли умрашро мегузаронад. ӯ инчунин аз ҳуқуқи дар муддати се сол баъд аз озод шудан машғул шудан ба фаъолияти журналистӣ маҳрум карда шуд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ ду ҳолати таҳдид бо роҳи ҳамла ба журналистонро ба қайд гирифт. Рӯзи 27 феврали соли 2013 шахсони номаълум ба котиби матбуотии хадамоти гумруки ҶТ Абдураҳим Умаров ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он вай бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ВКД ҷумҳурӣ интиқол дода шуд.

Наворбардори оҷонсии иттилоотии «Озодагон» Абдураҳим Шукуров рӯзи 25 феврал аз тарафи коркунони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастгир шуда, ба шӯъбаи милитсия оварда шуд. Дар натиҷаи дастгиркунии мазкур наворбардор  аз тарафи коркунони милитси лату кӯб гашт. Маҳз бо кӯшишҳои саривақтии ҷомеаи журналистӣ Абдураҳим Шукуров баъд аз якуним шабонарӯзи дар шӯъбаи милитсия нигоҳ дошта шудан озод гашт.

«Воқеист, ки нақзи ҳуқуқҳои ВАО ва журналистон то ба натиҷаи мантиқӣ расидан тафтиш карда намешаванд, шикоятҳои кассатсионии онҳо аз болои қарорҳо ва ҳукмҳои судҳои инстантсияи аввали нисбат ба ВАО ва журналистон баровардашуда қонеъ гардонда намешаванд, ки ин ҳолат боиси ташвиш буда, мустақилияти мақомоти судии мамлакатро зери шубҳа қарор медиҳад», — қайд намуд Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ.