Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон мавқуф гузоштани амалисозии қисмате аз қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ»-ро, ки ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ марбут аст, пешниҳод намуд.
Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов ин пешниҳодро бо камбуди воситаҳои молиявӣ дар буҷети давлатӣ барои суғуртаи ҳатмии тиббӣ асоснок намуд.
Ба гуфаи ӯ, Вазорати молияву меҳнат ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки бинобар сабаби норасоии воситаҳои молиявӣ амалисозии қонуни мазкур аз оғози соли равон ғайриимкон аст.
«Соли равон аз ҳаҷми умумии ММД-и кишвар 6,9% ба бахши тандурустӣ равона мегардад, вале барои амалисозии муқаррароти қонуни зикршуда маблағи бештаре зарур аст. Барои мисол, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон, Молдова ва Эстония аз 10% зиёдтар мебошад», - зикр кард Салимов.
Вазир ба вакилон ҳамчунин маълумот дод, ки аз ҳаҷми умумии ММД-и Тоҷикистон имрӯз ба ҳар сари аҳолӣ 951 доллари ИМА дар як сол рост меояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар Қирғизистон – 1 ҳазору 290, Молдова – 3 ҳазору 424 ва Эстония беш аз 23 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ бидуни арзёбии имконот ҳанӯз соли 2008 қабули ин қонунро ба парлумон пешниҳод карда буданд.
«Мо аллакай як маротиба амалисозии ин қонунро ба таъхир гузошта будем, имрӯз онро то соли 2017 мавқуф мегузорем. Пас кӣ кафолат дода метавонад, ки он соли 2017 мавриди амал қарор мегирад?», - савол дод Кабирӣ.
Ба ин савол вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ посух дод, ки «ҳукумат кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин қонун дар муҳлати таъиншуда мавриди амал қарор бигирад».
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста