Анонс

- Бо супориши муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон, хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд ҷиҳати ташкили посбонии муштараки марз бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа, равуои озодонаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар манотиқи наздимарзӣ дар шаҳри Исфара вохӯрии корӣ баргузор менамоянд.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7743 сомонӣ;

1 евро - 6.4914 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.144 7 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1839 — Рӯзи ихтирои акс (фотография).

1927 — Зодрӯзи доктори улуми ҷуғрофия Қандил Ҷӯраев, собиқ ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ).

1940 — Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

1986 – Аввалин парвози ҳавопаймои боркаши Ан – 124 («Руслан»).

2002 — Осеб дидани се маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Роғун бар асари заминларза. Офати табиӣ ҷони 3 нафарро рабуда, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Суғд — шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -3+2;  дар шарқи вилоят шабона -23-28, рӯзона -9-14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.