Ҳукуматдорони ноҳияи Файзобод сокинони маҳаллиро уҳдадор кардаанд, ки барои ташрифи президенти мамлакат (10-уми апрел) ба ноҳия аз ҳисоби худ маблағ супоранд ва ин воситаҳо гӯё барои ободу зебо кардани қисмати марказии ноҳия зарур будаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ноҳия хабар доданд, намояндагони ҳукумати ноҳия хона ба хона гашта, аз ҳар як оила 50 сомонигӣ маблағ талаб мекунанд, то ки биноҳои қисмати марказиии ноҳияро сафеду зебо созанд.

«Оилаи мо иҷрои талаби онҳоро рад кард ва сипас онҳо дархост карданд, ки «ҳадди ақал 30 сомонӣ диҳем». Вале мо ба онҳо дираме ҳам надодем, зеро буҷети оилаи мо базӯр барои таъмини рӯзгори оилаи худамон мерасад», - гуфт ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи манбаъ, аксари аҳолии ноҳия камбағалона умр ба сар мебарад ва «ба гумон аст, ки ҳукуматдорон маблаги зарурӣ ҷамъ оваранд, то ки дар назди сарвари давлат шарманда нашаванд».

Сокинони ноҳия алҳол намедонанд, ки оилаҳоеро, ки маблағи талабшударо супорида наметавонанд, чӣ интизор аст. «Яқинан ҳамааш баъди сафари президент маълум мешавад», - тахмин крад ҳамсуҳбат.

Сокини дигари ноҳияи Файзобод зикр кард, ки ҳукуматдорони ноҳия аҳолиро огоҳ кардаанд, ки онҳо «ба президент саволҳои номақбул надиҳанд» ва дар сурати акс, нисбати онҳо «чораҷӯӣ мешавад». «Ғайр аз ин, ҳукумати ноҳия аз мардон дархост кард, ки рӯзи ташрифи президент ба дастҳояшон бел гирифта, бо ҷӯшу хурӯш ба кор машғул шаванд, то ки худро ҳамчун коргарони хубу боғайрат нишон диҳанд», - афзуд номбурда.

Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Файзобод, президлент ба ноҳияи онҳо ҷиҳати ба фаъолият оғоз бахшидани як қатор иншоот ташриф меорад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО чандин маротиба дар бораи ғайрирасмӣ маблағ ҷамъ овардан аз аҳолӣ аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ пеш аз сафари президент хабар дода буданд. Ҳарчанд президент назди ҳамагон қотеъона талаб кард, ки ба ин таҷриба хотима дода шавад, чунин ба назар мерасад, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ дастурҳои Раҳмонро начандон дуруст қабул кардаанд.