Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати дехоти Ворухи шаҳри Исфара маркази ташхиси бемориҳои «Шифо» мавриди истифода қарор гирифт.

Роҳбари марказ Исфандиёр Нодиров дар ин робита изҳор намуд, ки муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, бо техникаи муосири ташхис ва муолиҷа муҷаҳҳаз аст ва танҳо барои дастрас кардани ин таҷҳизот беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, акнун сокинони Ворух бидуни сафар ба маркази шаҳр метавонанд аз ин технологияҳои муосири ташхис ҳамаҷониба истифода кунанд. «Дар марҳилаи аввали фаъолият 6 нафар кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор дар ин марказ таъмин хоҳанд шуд», - иброз дошт Нодиров.