Зодаи Тоҷикистон Малика Раҳмонова ба даври ниҳоии озмуни ҳамасолаи истеъдодҳои MoneyPolo12 роҳ ёфт, ки дар он зодагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили муқими давлати Чехия иштирок мекунанд.

Ҳамдиёри мо ба озмун мантуи пухтаашро пешниҳод намуд, ки аъзои ҳакамонро мафтун кард.

Созмондеҳи озмун - ширкати MoneyPolo ҳамасола ба ин монанд чорабиниҳоро доир мекунад. Соли гузашта дар ин озмун зодаи Муғулистон ғолиб омада буд.

Соли равон дар озмун 51 довталаб ширкат доштанд. Ҳайати ҳакамони касбӣ аз миёни онҳо 12 нафарро барои иштирок дар давраи ниҳоӣ интихоб намуданд.

Малика 33-сола буда, журналист аст. Ӯ барои таҳсил ба Чехия рафта он ҷо кор мекард ва сипас дар ҳамон ҷо ба шавҳар баромадааст. Айни замон Малика ба пухтупази маҳсулоти қаннодӣ машғул буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаеро боз намудаст ва барои тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ фармоиш қабул мекунад.

Дар ҳамин ҳол, интихоби беҳтаринҳо дар озмун натанҳо ба дӯши ҳакамон вогузор шудааст. Тамошобинон низ имкон доранд, ки ғолиби худро номбар кунанд. Барои ин Шуморо лозим аст, ки ба суроғаи http://talent.moneypolo.com/en/  ворид шуда, ба ҷонибдории ҳамдиёри худ Малика Раҳмонова овоз диҳед.