Деҳқонони бозори марказии Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нархи картошкаро то 2 сомонӣ арзонтар пешниҳоди харидорон кунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд комиссияи махсус ташкил карда, нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро зери назорат гирифтаанд.
Дар ин бора Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори марказии Панҷшанбе иттилоъ дод. “Барои пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, хусусан, картошка дар моҳи шарифи Рамазон роҳбарияти бозори марказии Панҷшанбе, ки ба идораи “Тоҷикматлубот” дар шаҳри Хуҷанд вобаста мебошад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Аз соҳибкорон хоҳиш кардем, ки нархро арзон кунанд. Деҳқононе, ки дар бозор ҷой доранду ҳамавақт маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд, иқдоми моро дастгирӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамарӯза то 2 тонна картошкаро бо арзишӣ 6 сомонӣ мефурӯшанд. Онҳо дар аввал 3 кас буданд ва ҳоло 9 нафар шуда, бо навбат маҳсулоташонро бо ин нарх ба фурӯш мегузоранд ”, - гуфт ӯ.
Деҳқонон дар се нуқтаи бозор ҷойгир шудаанд ва ҳар як харидор имкон дорад, ки то 5 кило картошка дастрас бикунад. Ин “лимит” бо мақсади ба шумораи бештари сокинон расидани картошка роҳандозӣ шудааст.
Шамсиддин Насриддинов аз ноҳияи Деваштич гуфт: “Ин картошка деҳқонӣ аст, мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нархҳоро арзон кардем. Роҳбарияти бозор аз мо “чек” намегирад. Барои даровардани маҳсулот низ пул намегирад. Ман ду рӯз инҷониб то 2 тонна картошка фурӯхта истодаам”.
Дар дигар ҷойҳои ин бозор ва фурӯшгоҳҳои Хуҷанд нархи картошка то 8 сомонӣ буда, ҳамзамон картошкаи нав аз 8 то 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ҳоло дар бозори марказии Панҷшанбе нархи сабзӣ аз 1,5 то 2 сомонӣ, пиёз аз 2,5 то 3 сомонӣ, як халта орди 50 килоӣ аз 226 то 235 сомонӣ, 1 литр равған 13 сомонӣ, биринҷ аз 10 то 12 сомонӣ, биринҷи девзира аз 17 то 20 сомонӣ, тухм аз 80 то 90 дирам, гӯшти устухондор 45 сомонӣ ва гӯшти беустухон аз 60 то 63 сомонӣ, макарон аз 8 то 9 сомонӣ ва шакар аз 6,5 то 7 сомонӣ барои як кило арзиш доранд.
Абдуғанӣ Почоев гуфт: “Мо барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ба раиси шаҳр мактуб навиштем, то ки барои роҳ додани деҳқонон ба майдони Регистон иҷозат диҳад. Ба тамоми хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат кардем, то ин ки бо мошинҳои худ омада, маҳсулоташонро дар моҳи Рамазон бо нархи аз бозор арзонтар фурӯшанд. Аз онҳо таҳҷоӣ ва патент намегирем, мошинҳояшонро шабона посбонҳои мо нигоҳ мекунанд”.
Тавре мушоҳида кардем, баъд аз нисфирӯзӣ дар майдони Регистон як воситаи нақлиёт ба назар мерасид, ки нархи як кило сабзӣ дар он 1 сомонӣ буд. Ба иттилои масъулин, як мошин картошка ҳам мавҷуд буд, ки ҳар килояшро бо нархи 5,5 сомонӣ савдо мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber,
Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста