Дар Душанбе корҳои зинату ороиши майдони марказии пойтахти Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз ба анҷом расиданд. Дар майдони “Дӯстӣ” рамзи асосии ҷашни Наврӯз - суманаки 30-метра қомат афрохт.

Насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе на аз ҳисоби ҳукумат, балки аз ҳисоби соҳибкорон ба таври ихтиёрӣ сурат гирифт. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр ва баландиаш - 30 метр аст.

Аксбардори мо аз ин майдон боздид намуда, бароятон суратгузориши ҷолиб таҳия намуд:

1/20

Ёдрас мекунем, ки имсол бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус Наврӯз, ҷашни миллии тоҷикон дар Тоҷикистон бидуни иштироки президент ва намоиши театришудаи анъанавӣ баргузор мешавад. Танҳо чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар маконҳои фароғативу варзишӣ бо риояти қоидаҳои беҳдоштии замони коронавирус доир мегарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.