Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз руҳониёни маъруф ва олимони пурнуфуз ва пурпайрави исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, имшаб дар сини 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳаводорони ӯ ва корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд.
Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ руҳонии саршинос ва яке олимони маъруф ва машҳур Тоҷикистон буд, ки соати 11 шаби 13-уми апрели соли 2021 дар зодгоҳаш, деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод даргузашт. Тибқи хабарҳои дарёфтӣ, қарор аст намози ҷанозаи ин руҳонии маъруф соати 10.00 рӯзи 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмон баргузор шавад.
Ин руҳонии саршинос, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи исломи суннатӣ дар Тоҷикистон эътироф мешуд, ҳамчунин дар миёни раҳбарони сиёии Тоҷикистон эҳтиром махсусе дошт. Аз ҷумла ӯ борҳо мардумро барои дастгирӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои раисҷумҳур даъват карда буд. Ӯ чанд сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи президент дуо кунанд.
Радиои "Озодӣ" менависад, ки "вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад", - гуфта буд ӯ".
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояш ба минтақаи Рашт ба дидани ин олими дин мерафт.
Домулло Ҳикматуллоҳ таълимоти ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ яке аз улуамои маъруфи даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон, ба таҳсил пардохтааст. Ӯ муаллифи бештар аз 10 китоб дар масоили гуногун ва мавзуъоти динӣ буд.
Ҳикматуллоҳи Тоҷикибодиро ҳамчунин яке аз пешвоёни тариқати нақшбандияи тасаввуф дар Тоҷикистон медонистанд. Ба эътирофи чеҳраҳои маъруфи динӣ Домулло Ҳикматуллоҳ яке аз панҷ руҳоние буд, ки аз Эшони Абдураҳмонҷони Файзободӣ руҳонии пурнуфузи тоҷик дар замони Шӯравӣ «хати иршод» дарёфта буд, ки дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба симати пирони тариқати Нақшбандия фаъолият мекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста